- банд
- I[بند]1. асоси замони ҳозира аз бастан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои банданда (девбанд, нақшбанд, чашмбанд…) ва басташаванда ба ҷое (гулӯбанд, камарбанд…)II[بند]1. риштае, ки барои ба ҳам пайвастани чизҳо ба кор меравад, канаб, ресмон ва ғ.2. он чи пои бандӣ ва асирон, ё поҳои ҷонварони ваҳширо бо он мебанданд, занҷир, завлона ва ғ.3. ҷои ба ҳам пайвастани устухонҳои бадан, мафсил, буғум; умуман ҷои пайваст шудани чизҳо: банди най4. гиреҳ, уқда5. қайд, дом; ҳабс, зиндон; ба банд гирифтан ҳабс кардан6. машғул, саргарм, андармон7. девор, монеа дар пеши ҷое, чизе8. садди пеши об, сарбанд, дарғот9. як миқдор алаф, ҳезум ва ғ., ки ба ҳам баста шудааст, дарза: як банд алаф, як банд ҳезум10. қисме (порчае) аз шеър, суруд ва навиштае11. ҳар як фасл ва моддаҳои қонун ва аҳдномаҳо; банди даст ҷои байни панҷа ва соид; банди по буҷулаки по; аз банди… аз бехи…, аз таги…; дар банди… дар қайди…; гирифтори…; банд будан а) масдуд будан, баста будан (-и роҳ, равзан ва ғ.); б) саргарм будан, машғул ва андармон будан;. банд кардан а) бастан, пайвастан, васл кардан; б) пеши роҳро гирифтан, масдуд кардан; танг кардани роҳе, дар роҳи чизе монеа ба вуҷуд овардан; в) иҳота кардан, печонида гирифтан; г) гирифтор намудан, мубтало кардан; ғ) маҷ. касеро дар баҳс ё бозие мағлуб кардан, мот кардан; банд шудан а) баста шудан, масдуд шудани роҳе; б) ба монеа дучор шуда, бозистодани чизе, дармондани чизе дар ҷое; в) андармон (саргарм) шудан, машғул шудан бо коре; г) маҷ. мот шудан, мағлуб шудан (дар бозӣ); сармоя (маблағ ё пул)-ро банд кардан сармоя гузоштан ба чизе, гузоштани маблағе барои чизе; фикр (хаёл) банд будан дар бораи чизе пайваста фикр кардан; чизеро ба ҷое банд кардан насб кардан, часпондан, гузоштан; гузарондан; ҷоеро банд кардан ишғол кардани ҷое, нишастан ба ҷое◊ бору банд чизу чораи рӯзгор, асбобҳои хона; кӯчу банд чизу чораи рӯзгор, ки барои кӯчидан баста шудааст, бору буна; банди дили касе кушодан шод шудан, хурсанд шудани касе; дасти касе банд будан ба коре сахт андармон будан, машғули коре будани касе; касеро ба касе банд кардан касеро хонадор кардан; сари касе банд будан номзад доштан (-и духтаре)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.